Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 110 “салафӣ” дар ним сол


Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, ки танҳо дар ним соли гузашта дар ин минтақа 110 нафар ба гумони пайравӣ аз “Салафия” боздошт ва алакай бархеи онҳо бо ҳукми додгоҳ зиндонӣ шудаанд. Ин иттилоъ рӯзи 19 июл аз забони Сӯҳроб Саломов – муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон –дар як нишасти матбуотӣ дар Қӯрғонтеппа садо дод. Ӯ гуфт, аксари боздоштшудаҳо ҷавон ва аз ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар ва минтақаи Кӯлоб будаанд. Саломов мегӯяд, дар муқоиса ба солҳои гузашта боздошти пайравони “Салафия” дар Хатлон афзоиш ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG