Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА як гуруҳи пулис зери тирборон монда, 3 тани онҳо кушта шудааст


Дар шаҳри Батон-Ружи иёлати Луизианаи ИМА аз тири шахсони номаълум се пулис кушта ва се тани дигар захм бардоштаанд. Яке аз ҳамлагарон низ кушта шудааст. Эҳтимолан ду ҳамлагари дигар фирор кардаанд. Ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Мақомот ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи тарҳрезишуда баҳо медиҳанд. Пулис бо шунидани садои тирпарронӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, аммо зери тирборон мондааст. Пештар дар Батон-Руж дар пайи таҳқиқи ҳодисаи қатли африқотабори Алтон Стрелинг, ки 5 июл аз дасти пулис кушта шуд, даҳҳо одам боздошт гардида буд.

6 июл дар шаҳри Сен-Поли иёлати Миннесота пулис ронандаи сиёҳпуст Финалдо Кастилеро кушт.

Дар бисёре аз шаҳрҳои ИМА зидди истибдоди пулис нисбати сиёҳпустон эътирозҳои оммавӣ шуруъ шудааст. Зимни чунин эътироз дар шаҳри Далласи иёлати Техас шаби 7 июл низомии бознишастаи ҷанги Афғонистон панҷ пулисро кушта, 7 тани дигарро захмӣ кард.

XS
SM
MD
LG