Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар назди бинои пулиси Алмаато


Матбуоти маҳаллӣ ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки 18 июл дар назди яке аз биноҳои пулиси Қазоқистон дар шаҳри Алмаато садои тирандозӣ шунида шудааст.

Tegrinews.kz гузориш додааст, ки дафтари пулисро нируҳои амниятӣ ба ҳалқа гирифтаанд ва шоҳидон мегӯянд, мақомот ба коргарони муассисаҳои атроф ҳушдор додаанд, ки аз дохили биноҳо берун набароянд.

Шоҳидон ҳамчунин дар бораи тирандозӣ гувоҳӣ додаанд. Як фурӯшандаи дукони маҳаллӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки “як мард бо туфанг дар даст” аз назди вай гузаштааст.

Торнамои хабарии Тотал гузориш додааст, ки тирандоз ба сӯи бинои пулис тирандозӣ мекард. Мақомоти расмии Қазоқистон дар ин бора маълумот надодаанд.

XS
SM
MD
LG