Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) барандаи медалҳои нуқра гардид.
Дар бозии даври ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бар дастаи мизбонон – мунтахаби Чин - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот Ваҳдат Ханонов бо ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар сарфароз гашт.
Дар бозии дигари даври охирини мусобиқот мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Ба ин тартиб, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз ғолиби мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) гардид.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Медалҳои биринҷиро бо 3 имтиёз мунтахаби наврасони Чин ба даст овард.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дувумин бозиаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев заданд.
Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016»:
Даври 1-ум
Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 3:1
Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов, 76.
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.
Чин – Туркманистон – 4:1
Даври 2-юм
Туркманистон – Тоҷикистон – 2:3
Голҳои Тоҷикистон: Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев.
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов.
Чин –Кореяи Ҷанубӣ – 0:1
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Чин – 1:0
Гол: Ваҳдат Ханонов, 61.
Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов (Шаҳзод Давлатов, 90+4), Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров (Мубинҷон Муъминов, 46), Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев (Шарифҷон Ҷамолов, 90+2), Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов, Аваз Камчинов (Тоҳир Малодӯстов, 46).
Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон – 3:0
Муҳоҷирон нав аклтон даромад Россия рафтан бояд пеш аз омадан ба суи Ватан фикр мекарден оё баргашта мешавад ё не .
Дар Тоҷикистон чанд фоизи даромади моҳонаи аҳолӣ барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ равона мегардад? Дар оилаи мо ҳар моҳ аз 20 то 30 фоизи даромади оила бо ин мақсад хароҷот мегардад.
Хуб мешуд арзиши аслии барқи истеҳсолшаванда ва маблаи маоши аҳолиро низ бо дигар давлатҳо муқоиса мекардем.
Чи кор доред ба кори ин созмон. Шукр гуед, ки тинҷу ором зиндагӣ доред, ҳаминаш бас аст.
In opozitsiy ham, I hukumat bori, mavke yashro ro hej nameebad, apa napursided, ba masalai muhojiron inho chi nigoh dorand?