Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мастура дар Деҳлӣ бо ду кило тилло боздошт шуд


Тилло яке аз гаронтарин ва серхаридтарин металлҳо дар олам боқӣ мемонад (акс аз бойгонӣ)
Тилло яке аз гаронтарин ва серхаридтарин металлҳо дар олам боқӣ мемонад (акс аз бойгонӣ)

Як зани тоҷик барои қочоқи тилло аз сӯи кормандони гумруки фурудгоҳи ба номи Индира Гандии шаҳри Деҳлӣ дастгир шуд.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 17 июл хабари расонаҳои чопи Деҳлиро дар ин бора тайид кард.

Мастура Сафарова, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъа, 15 июл, тавассути ҳавопаймои ширкати ТоҷикЭйр аз Душанбе вориди Деҳлӣ шуд. Кормандони гумруки фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ ҳангоми тафтиши сумкаи дасти ӯ тақрибан ду кило тиллои хомро ошкор ва мусодира карданд.

Ҳангоми мусодираи тилло ва таҳияи аснод масъули бахши консулии сафорат Фурқат Саидов дар фурудгоҳ ҳузур дошт, мегӯяд Мирзошариф Ҷалолов.

Мастура Сафарова айни ҳол дар боздоштгоҳ аст, вале шояд баъд аз як-ду рӯз озод карда шавад. Бар пояи қавонини Ҳиндустон, афроде, ки барои қочоқи миқдори на он қадар бузурги тилло боздошт мешаванд, мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд ва пас аз пардохти ҷарима раҳо мешаванд ва ҳатто ҳақ доранд, ки то рӯзи хатми раводидаш дар кишвар бимонад. Фақат тиллои мусодирашуда бо ҳукми додгоҳ моликияти давлат эълон мешавад, афзуд сафири Тоҷикистон.

Мирзошариф Ҷалолов
Мирзошариф Ҷалолов

Тайи якуним соли ахир ин дуввумин ҳодисаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ бо тиллои қочоқӣ аст. Аз ин пеш як сокини Тоҷикистон талоши аз Дубай ба Ҳиндустон овардани тиллоро карда буд ва ба даст уфтод.

Дипломати тоҷик тавзеҳ кард, бино ба қонунҳои Ҳиндустон, агар кас аз ягон кишвар, бигирем аз Дубай, ба кишвари дигар, масалан Тоҷикистон, тавассути Деҳлӣ тиллои сикказада интиқол диҳад, бояд кормандони гумруки фурудгоҳро огаҳ созаду онро бо аснодаш дар ихтиёри гумрук гузорад. Тилло аз сӯи кормандони гумрук ҳифз ва қабл аз идомаи парвоз ба соҳибаш баргардонида мешавад.

Қимати тиллое, ки Мастура Сафарова мехост ба Ҳиндустон ворид кунад, бино ба иттилои хадамоти гумруки фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ 8 миллиону 500 ҳазор рупия, муодили тақрибан 127 ҳазор доллари амрикоӣ буд.

Мирзошариф Ҷалолов мегӯяд, ки қиммати тилло дар Ҳиндустон назар ба Тоҷикистон ва ҳатто Дубай гаронтар аст. Ҳиндустон айни ҳол ба яке аз бузургтарин бозорҳои хариду фурӯши тилло табдил шудааст. Ҳадс зада мешавад, вазни тиллое, ки дар гардани занҳои ҳинду аст, аз вазни тиллое, ки тайи як сол дар сартосари олам тавлид мешавад, бештар аст. Бонувони ҳинду, ба вижа моҳҳои октябр-ноябр, вақте дар кишвар иди қадимаи Девалӣ баргузор мешавад, ба миқдори зиёд тилло мехаранд ва худро бо он оро медиҳанд.

XS
SM
MD
LG