Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон ба президенти Фаронса барқияи таслият фиристод


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ба сабаби ҳамлаи террористӣ дар Ниси ин кишвар, ки боиси куштори 84 нафар шудааст, барқияи таслият фиристодааст.

Дар ин барқия гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Ниси Фаронса ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки сабаби ҳалокат ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд”.

Дар ин барқия раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамларо ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ номидааст ва гуфтааст, “Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад”.

XS
SM
MD
LG