Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон Картер бо сафари эълоннашуда ба Кобул рафт


Эштон Картер (акс аз бойгонӣ)
Эштон Картер (акс аз бойгонӣ)

Эштон Картер, вазири дифои ИМА, рӯзи 12 июл бо як сафари эълоннашуда вориди шаҳри Кобул шуд. Қарор аст, ки раҳбари Пентагон бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва фармондеҳи воломақоми амрикоӣ генерал Ҷон Николсон дидору гуфтугӯ кунад.

Сафари Эштон Картер ба Кобул тақрибан як ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА эълом дошт, баъд аз хатми мӯҳлати раёсатҷумҳурияш низ тайи як соли дигар 8400 афсару сарбози амрикоӣ дар Афғонистон хоҳанд монд. Қаблан Вошингтон мехост, ки то поёни соли 2016 теъдоди низомиёнашро аз 9800 нафар то 5500 нафар коҳиш диҳад. Аммо Обама гуфт, ки вазъи амниятии Афғонистон ҳамоно машкук боқӣ мемонад ва ҷунбиши “Толибон” чун пештара ба ин кишвар таҳдид мекунад. Нерӯҳои амниятии Афғонистон бошанд то ба ҳадди зарурӣ нерӯманд нашудаанд, афзуд раисиҷумҳури Амрико.

Паймони НАТО ҳам дар нишасти ахираш дар Варшава маъмурияташ дар Афғонистонро барои соли 2017 тамдид кард ва ба нирӯҳои амниятии афғон то соли 2020 ваъдаи ҳар сол то 5 миллиард доллар кумаки молиявӣ намуд. Бахши аъзами ин кӯмак сармояи Амрикост - қаблан Вошингтон ваъда карда буд, ки ҳамасола барои сармоягузории нерӯҳои афғон 3.5 миллиард доллар ҷудо мекунад. Дигар кишварҳои узви НАТО ҳам ӯҳдадор шуданд, ки ҳамасола барои ҳукумат ва артишу нерӯҳои полиси афғон 1,5 миллиард доллар ироа хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG