Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик ва як яманӣ аз Гуантанамо ба Сербистон оварда шуданд


Ду нафар аз боздоштшудагони боздоштгоҳи Гуантанамои Куба ба Сербистон интиқол дода шудаанд. Акнун шумораи боздоштшудагон дар Гуантанамо 76 нафари дигар мондааст.

Мақомоти расмии вазорати корҳои хориҷа ва вазорати дифои Амрико ин хабарро 11 июл тасдиқ карданд.

Корманди расмии вазорати корҳои хориҷаи Амрико ин ду нафарро Муҳаммадӣ Давлатов-шаҳрванди Тоҷикистон ва Мансур Аҳмад Саъад ал Дайфӣ-шаҳрванди Яман ном бурдааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ки бори аввал боздоштшудагон аз Гуантанамо ба Сербистон интиқол ёфтаанд. Барои интиқоли Давлатов шаш соли пеш иҷоза дода буданд ва парвандаи вайро шаш вазорату ожонсӣ, аз ҷумла вазоратҳои хориҷаву дифоъ, адлияву кашфии миллӣ ва Ситоди муштараки артиштафтиш кардаанд.

XS
SM
MD
LG