Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷбурам, ки дар ҳамин ҷо таваллуд кунам..." (АКСУ ВИДЕО)


Яке аз утоқҳои зоишгоҳи ҷамоати Эсанбой дар ноҳияи Рӯдакӣ
Яке аз утоқҳои зоишгоҳи ҷамоати Эсанбой дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ягона зоишгоҳи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, барои кумак ба занҳои ин минтақаи иборат аз 23 ҳазор ҷамъият хизмат мекунад. Рахти хоби ин бемористон танҳо 20 адад аст ва ба гуфтаи масъулон, барои ёрӣ ба тамоми ниёзмандон кифоят намекунад.

Ин зоишгоҳ соли 1950-ум бунёд шуда, аз он замон то кунун хеле фарсуда шудааст. Сақфу фарши ин бемористон, дару деворҳои шикаставу харобшудааш ба таъмир ниёз доранд. Ба гуфтаи масъулони зоишгоҳ, ба сабаби дар ҳолати хатарзову садамавӣ қарор доштани бино, як соли пеш занҳои ҳомиларо ба бахши аслии бемористон кӯч додаанд. Бинои бахши аслии бемористон ҳам вазъи хароб дорад. Ҳарчанд бинои аслӣ дар соли 1983 сохта шудаву то ҳол фақат ду ё се маротиба рангу бор шудааст, аммо боре ҳам таъмири асосӣ ва ҷиддиро надидааст.

Файзулло Ёрматов
Файзулло Ёрматов

Файзулло Ёрматов, сарпизишки Бемористони марказии ҷамоати деҳоти Эсанбой, рӯзи 11 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар ҳолатҳои фавқулода маҷбурем роҳи хеле тӯлониро тай карда ва беморонро ба бемористони марказии ноҳияи Рудакӣ барем. Ҳолате шудааст, ки занеро дар ҳолатитаваллуди сегоник ба бемористони марказии Рӯдакӣ интиқол диҳем. Мо дар ин бемористон танҳо метавонем ёрии аввалия расонем.”

Фосила аз бемористони ҷамоати деҳоти Эсанбой то маркази ноҳияи Рудакӣ беш аз 60 километр ва ё баробари якуним соат роҳ аст. Зеро бемористон дар як дашти сӯзону беоб воқеъ аст ва ҳатто бо рустоҳои атроф фосилаи зиёде дорад.

Бахши ёрии таъҷилии он барои 23 ҳазор ҷамъияти ин минтақа танҳо як мошини тамғаи “Волга” -и тавлиди замони Шӯравӣ дорад, ки он барои кумакрасонӣ ба беморон кифоят намекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Вазъи ягона зоишгоҳ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Иброҳим Рӯзиев, пизишки “Ёрии таъҷилӣ” мегӯяд, “мошини “Волга” барои кашондани беморон мувофиқ нест, зеро дар дохили он бемор роҳат хобида наметавонад ва табиб ҳам ба ӯ кумак карда наметавонад. Дохилаш барои расондани кумак бисёр номувофиқ аст.”

Масъулони бемористон мегӯянд, ба далели ин ки рафтуомади нақлиёт дар минтақа хеле кам аст ва автобусҳо аслан фаъол нестанд, дар бисёре марвидҳо мардум бо васоили нақлияи шахсӣ ва таксӣ ва ё ҳатто бо истифода аз хару асп худро ба бемористон мерасонанд.

Зарифа, яке аз беморон, ки панҷмоҳа ҳомила аст, мегӯяд, нахустфарзанди худро дар ин бемористон ба дунё овардааст ва, қарор аст, фарзанди дуюмашро ҳам бо вуҷуди шароити сахти бемористон дар инҷо ба дунё орад. “Инҷо тобистон хеле гарм ва зимистон хеле сард аст. Фарзанди якумамро зимистон таваллуд кардам. Инҷо на об дораду на барқ ва на воситаҳои гармирасон. Утоқро бо бухорӣ гарм карда будем, ки дуди ғализи оташ ҳавои онро вазнин мекунад. Аммо чун бемористони Рӯдакӣ дур аст ва шароит надорам, барои ҳамин маҷбурам дар ҳамин ҷо таваллуд кунам,” - мегӯяд ӯ.

Лаҳзае аз суҳбати Маҳини Даврон бо Зарифа
Лаҳзае аз суҳбати Маҳини Даврон бо Зарифа

Ин дар ҳолест, ки Бемористони марказии ҷамоати деҳоти Эсанбой пизишки вижаи занон, яъне гинеколог надорад. Робия Эшбекова, ягона момодоя ё мутахассиси зоймони ин бемористон аст, ки дар хидмати тамоми занҳои ҳомилаи ҷамоати деҳоти Эсанбой мебошад.

Робия Эшбекова 37 сол боз дар бахши зоймони ин бемористон кор мекунад. Ӯ гуфт, “тамоми асбоби лозим барои таваллуд ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва иваз нашудаанд. Як утоқи таваллуд бо як дона тахти зоймон хеле кам аст. Ҳолатҳое мешаванд, ки намедонам занҳои зоймонро дар куҷо хобонам. Бояд чандин тахт дошта бошем. Барои нигаҳдории доруҳо ба як яхдон ва барои безарар кардани асбобҳои тиббӣ ба дастгоҳи автоклав ниёз дорем.”

Бемористони ҷамоати деҳоти Эсанбой бо он ки дар канори рӯдхонаи Кофарниҳон воқеъ аст, бо мушкили камбуди шадиди об рӯбарӯст. Обро аз беруни бино бо сатил ва дигар зарфҳо барои беморон меоранд. Лӯлаҳои обрасони бемористон ба иллати фарсудагӣ хароб шудаанд. Сақфи бемористон ҳам дар мавсими барфу борон мечакад. Тахтҳои хоби чӯбин пӯсидаанд. Гоҳе беморон ба далели норасоии кати хоб рӯи замин мехобанд. Ба ҷуз аз ин мушкилот, бемористони ҷамоати деҳоти Эсанбой ба камбуди мутахассисон ва пизишкон рӯбаруст. Зеро ин бемористон ҳамагӣ 25 корманд дорад.

Аксҳои бештар:

Ба гуфтаи Файзулло Ёрматов, сарпизишки бемористон, ӯ ва дигар кормандони бемористон бо вуҷуди шароити ногувори бемористон шабу рӯз дар хидмати мардуми ҷамоати деҳоти Эсанбой ҳастанд. Онҳо хостори бозсозиву таъмири комили бинои зоишгоӯ ва бемористон ҳастанд.

Ҳамакнун умеди кормандони ин бемористон ба созмонҳои имдодгари хориҷӣ аст, ки ба бозсозии ин бемористон ва зоишгоҳ кумак кунанд, то дигар ҳеҷ ниёз ба интиқоли беморон ба маркази ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамин тавр шаҳри Душанбе, пойтахт боқӣ намонад.

XS
SM
MD
LG