Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаби офтобӣ" соҳиби барқ мешавад


Мактаби деҳаи Ғусгеф дар дараи Ромит, ки чаҳор фасли сол барқу гармӣ надошт ва хонандагон маҷбур буданд, ки фасли сармо дар синфхонаҳои сарду торики мактаб бо либоси ғафсу нороҳат дарс бихонанд, акнун соҳиби барқ мешавад.

Маъракаи “Мактаби офтобӣ” ё ҷамъоварии маблағ аз тамоми ҷаҳон барои рӯшан кардани як мактаби бебарқи Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт. Ташаббускорони ин тарҳ тавонистаанд дар 40 рӯзи муайяншуда ҳашт ҳазор доллар ҷамъ оранд.

Ин маърака охирҳои моҳи май оғоз ёфта буд ва санаи 8-уми июл ба охир расид. Ҳамакнун тавре ҳам қарор буд, ҳашт ҳазор доллари дигар аз ҷониби барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Хорватия, болои ин маблағ зам карда мешавад.

Мактаби 87-и деҳаи Ғуcгеф дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи Ромит ҷойгир аст ва 130 хонанда дорад. Ба иллати набудани хатти барқ дар ин минтақа, хонандагон чаҳор фасли сол дар синфхонаҳои торик дарс мехонанд. Орзуи аслии ин толибилмон ҳам таҳсил дар синфхонаҳои рӯшану бо барқ таъмин аст. Маблағи амалисозии ин орзуи наврасон Ғузгеф 16 ҳазор доллар ҳисоб шуда буд.

Ташаббускорони ин иқдом гурӯҳи ҷавононе, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, бо истифода аз таҷрубаи маъруф дар ҷаҳон, яъне маъракаи “краундфандинг”, барои ҷамъоварии ин маблағ дасту остин барзаданд.

Малика Ҳакимова, яке аз ташаббускорони ин тарҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 13 кишвари дунё барои барқ бурдан ба мактаби Ғуcгеф дар ин маърака ширкат ва саҳми худро гузоштанд. Ӯ дар мавриди ин, ки чӣ таври ин иқдомашон тавонист дар як муддати кӯтоҳ муваффақ шавад, гуфт:

“Ин таҷрибаи аввалини мо -- ташкили краундфандинг ё ҷамъоварии маблағ аз мардум буд. Кори муҳиме, ки мо кардем, ин ташкили чанд чорабинии ҷамъиятӣ буд. Як ҷашни хайриявии кӯдакона дар меҳмонхонаи “Серена” ташкил кардем. Дар он созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам ба мо ҳамроҳ шуда, молҳои худро ба фурӯш гузоштанд ва маблағро ба ин маърака пешниҳод карданд. Аз ин чорабини мо 1000 доллар ҷамъ овардем. Дар маҷмӯъ тавассути ин чорабиниҳо ҳудуди 2 ҳазору 300 доллар ҷамъ шуд. Маблағи боқимонда тавассути "Киви кошелек" ва интернет ба даст омад. Аз 13 кишвари дунё дар саҳфаи тарҳ дар интернет ҳам мардум ба ин маърака ҳамроҳ шудаанд.”

Малика саҳми шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан "Фейсбук"-ро дар ин маърака бузург арзёбӣ мекунад. Маҳз тариқи саҳфаи ин тарҳ дар "Фейсбук", маълумот дар бораи чорабинии “Мактаби офтобӣ”дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва таваҷҷӯҳи афроди зиёдеро аз ҳар гӯшаи дунё ҷалб кард.

Қадами навбатии ташаббускорон ҳам харидории панелҳои офтобӣ ва дигар таҷизоти зарурӣ аст. Аммо ҳоло онҳо мехоҳанд ҳарчи зудтар ба мактаби Ғуcгеф сафар кунанд ва ба кӯдакону омӯзгорон ин хушхабарро расонанд, ки акнун мактаби онҳо соҳиби барқ мешавад.

Малика Ҳакимова меафзояд: “Мо тасмим дорем то моҳи октябр мактабро пурра бо барқ таъмин ва ин маъракаро ба охир расонем. Зеро баъд ҳаво сард мешавад. Аз сабабе, ки мактаб дар минтақаи дурдаст қарор дорад, мо бояд корро тезтар ба роҳ монем. Ҳамчунин хеле муҳим аст бигӯям, ки мо барои онҳое, ки дар ин маърака аз хориҷ ширкат кардаву маблағгузорӣ намуданд, ваъда карда будем, ки бар ивази ин барояшон тӯҳфаҳое ирсол мекунем, мисли ҷуробу тоқӣ, диски таронаҳои тоҷикӣ. Ҳоло мо ба ирсол кардани ин тӯҳфаҳо машғул ҳастем.”

Бояд гуфт, рӯшану гарм кардани мактаби Ғусгеф ягона ҳадафи маъракаи “Мактаби офтобӣ” нест, балки бо ин роҳ ташаббускорон мехоҳанд, дар оянда тамоми мактабҳои бебарқи кишварро бо рӯшноӣ таъмин кунанд. Бомуваффақият анҷом ёфтани нахустин таҷрибаи ҷамъоварии маблағ барои беҳтар кардани шароити таълим, масъулини ин тарҳро ба идомаи ин иқдомашон хушбин кардааст.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ:

Таҳсил дар синфхонаҳои торику сард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

XS
SM
MD
LG