Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Варшава нишасти сарони НАТО ифтитоҳ шуд


Дар Варшава пойтахти Лаҳистон, баъд аз зуҳри 8 июл нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви НАТО ифтитоҳ шуд. Мавзӯи асосии нишаст – таҳкими амният дар шарқи Аврупо аст. Қарор аст, ки дар ин нишаст тарҳи ҷойгирсозии чаҳор баталёни НАТО дар қаламрави Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик пазируфта шавад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва раиси Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер дар арафаи ифтитоҳи нишасти НАТО Варшава зери эъломияи муштарак имзо гузоштанд. Қабл аз маросим Йенс Столтенберг изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ба таҳдидҳои нави амниятӣ рӯба рӯ мешаванд ва ҳар кадоме дар алоҳидагӣ тавони пурраи муқовимат бо ин таҳдидҳоро надоранд ва аз ин рӯ бояд якҷоя кор кунанд.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ин нишасти Паймони НАТО шояд муҳимтарин дар ҳама давраи баъд аз хатми “ҷанги сард” шавад. Дар шарҳи Барак Обама дар рӯзномаи Financial Times гуфта шудааст, ки НАТО дар ин нишаст бояд ба таври қатъӣ аз ҳар кишвари узв пуштибонӣ карданашро таъкид намояд. Ӯ ҳамчунин ба зарурати ҳифзи таҳримҳо алайҳи Русия то иҷрои ҳама нуктаҳои созиши Минск оид ба хатми низоъ дар шарқи Украина таъкид кардааст.

Сарвари ИМА ваъда дод, ки кӯмак ба Украина дар ҳифзи истиқлол ва якпорчагияшро идома хоҳад дод.

Дар саммити Варшава 58 ҳайати расмӣ, аз ҷумла намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Ассамблеяи порлумонии НАТО ва 28 кишвари ҳампаймон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG