Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел ба Қирғизистон меравад


Ангела Меркел ва Алмосбек Отамбоев (акс аз бойгонӣ)
Ангела Меркел ва Алмосбек Отамбоев (акс аз бойгонӣ)

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 13 июл бо як сафари расмӣ вориди Қирғизистон хоҳад шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, ки рӯзи 7 июл нашр шуд, қарор аст хонум Меркел дар ҷараёни сафари дурӯзааш бо раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев, вакилони парлумон ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Қирғизистон мулоқот кунад.

Садри аъзами Олмон ва раисиҷумҳури Қирғизистон робитаҳои дуҷониба, мушкилоти минтақаӣ ва байнулмилалиро баррасӣ хоҳанд кард, омадааст дар хабари дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон.

Ин нахустин сафари Ангела Меркел ба Қирғизистон аст. Моҳи марти соли равон вазири умури хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штайнмейер аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аз Қирғизистон дидан карда буд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Олмон, дар сафари Штайнмейер рӯи масоили мубориза бо терроризм, ҳамкориҳои минтақаӣ ва робитаҳои иқтисодӣ тамаркӯз шуда буд.

XS
SM
MD
LG