Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз Гурҷистон боздид мекунад


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 6 июл барои боздид ба Гурҷистон ворид шуд. Вай дар ҷараёни ин сафар Гурҷистон ва Украинаро муътақид месозад, ки ин ду кишвари гирифтори муноқишаро ҷомеаи мовари уқёнус ё Амрико фаромӯш накардааст.

Ҷон Керрӣ ва Гиорги Квирикашвилӣ-нахуствазири Гурҷистон дар поёни мулоқоти худ дар бораи густариши муносибатҳои амниятиву дифоъи миёни ду кишвар ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Дар остонаи ин боздид сухангӯи Ҷон Керрӣ гуфт, ки Керрӣ дар мулоқотҳояш бо ҳукумати ин кишвар ва бо мухолифони сиёсии он ба Гурҷистон ҳимояти худро пешниҳод хоҳад кард.

Ҷон Керрӣ 7 июл аз Тифлис ба Киев сафар мекунад ва интизор меравад, ки дар он ҷо роҳҳои хатми ҷанги миёни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва ҳукумати Украинаро дар шарқи ин кишвар баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG