Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 4 500 нафар муҳоҷир наҷот дода шуданд


Горди соҳилии Италия мегӯяд, ки 5 июл тақрибан 4 500 нафар муҳоҷиронро, ки талош доштанд аз гулӯгоҳи Ситсилияи Баҳри Миёназамин бо қоиқҳои резиниву чӯбӣ бигзаранд, наҷот додаанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, аз 67 ҳазор нафар муҳоҷироне, ки соли ҷорӣ ба Италия ворид шудаанд, аксарашон аз Либия ба роҳ баромадаанд.

Вуруди муҳоҷирон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 каме коҳиш ёфтааст, вале шумораи ҷон бохтагон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ҳафтаи гузашта дар як қоиқи резинӣ ҷасади 10 занро пайдо карданд.

Аз соли 2014 ба ин сӯ бештар аз 10 000 муҳоҷир ҷон додаанд, ки 2 800 нафари онҳо ба соли ҷорӣ дуруст меояд.

XS
SM
MD
LG