Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шартай барои 3 сум зиндагита вайрон кунӣ?”


Акс аз бойгонии Озодӣ
Акс аз бойгонии Озодӣ

"Прическат тарафи ҳукумат", "Шартай барои 3 сум зиндагита вайрон кунӣ?", "Дигархели бад", "Ашӯри чии" ин номгӯи чанд "жаргон"-и наву серистифода дар забони ҷавонони тоҷик аст, ки ахиран дар як пажӯҳиш гирдоварӣ шудааст.

Зебуннисо Бобоалиева, забоншиноси тоҷик, бо анҷоми як таҳқиқ дар ин мавзӯъ, ба хулосае расидааст, ки дар 20 соли охир "жаргон" ё таъбирҳои аҷибу ғариб ба як бахши аслии сӯҳбати ҷавонони тоҷик табдил ёфта, аммо таркиби онҳо сол то сол дағалтар мешаванд. Маъруфтарин “жаргон” дар забони ҷавонон, ба гуфтаи ӯ, "харшай", "хари бадай" ва "маймун" аст, ки ҷавонони зиёд аз онҳо ҳангоми таърифу лутф ба як нафар ё ашё истифода мебаранд ва зоҳиран нафари мухотаб низ инро чун тавсиф қабул карда меписандад.

Бобоалиева дар пажӯҳиши худ мегӯяд, ки истифодаи "жаргон"-ҳо дар сӯҳбат аз қабл ҳам буд. Ӯ дар зимн аз "жаргон"-и маъруф дар замони Шӯравии собиқ мисол овардааст, ки вожаи "малах" чун пул истифода мешуд. Аммо ба андешаи муаллиф мӯҳтавои "жаргон"-ҳо дар он давр, ноҷову дағал набуданд.

“Малах ҳам ба хотире мегуфтанд, ки он ҳам мисли пул дар як ҷо намеистад ва зуд-зуд ҷойи худро иваз мекунад. Яъне, жаргонҳое истифода мешуд, ки камубеш ба баёни фикр наздик буданд. Имрӯз ин тавр нест. Ҳоло шояд аз сабаби завқи пасти ҷавонон бошад ё чизи дигар жаргонҳо аслан дурушт шудаанд,” – афзуд ӯ.

Ин забоншиноси тоҷик, дар пайи як пурсиш миёни беш аз 70 ҷавон аз қишру табақаҳои мухталиф, “жаргонҳо”-и серистеъмоли ҷавонони муосирро вобаста ба фаъолият, муҳити зист ва синну сол тақсимбандӣ кардааст. Бино ба хулосаи ӯ, жаргонҳое, ки дар муоширати ҳаррӯзаи ҷавонон истифода мешавад, аз жаргонҳои виртуалӣ ё сӯҳбатҳои интернетӣ ба куллӣ фарқ мекунанд.

“Френдоват”, “Лайковат”, “Чатитса”, ”СМСит” аз ҷумлаи таъбир ё “жаргон”-ҳое, будааст, ки ҷавонон дар сӯҳбатҳои маҷозии худ ба ҷойи ибораҳои дӯст шудан, писандидан ва сӯҳбат кардан истифода мекунанд: “Барои мисол, чизеро ҷустуҷӯ кардан хоҳанд, мегӯянд, ки гуглит кардӣ? Яъне, дар саҳифаи Гугл ҷустуҷӯ кардӣ? Ё, масалан, писарон дар интернет ба якдигар “бро” (кӯтоҳшудаи калимаи brother ) гуфта муроҷиат мекунанд. Ин истилоҳҳо аз забонҳои русӣ ва англисӣ ворид шудаанд.”

Зебуннисо Бобовлиева мегӯяд, “жаргон”-ҳо вобаста ба давру замон ва тағйир ёфтани зиндагии сокинон дигар мешаванд ва аксаран ин навъи таъбирҳо умри кӯтоҳ доранд. Тозатарин таъбире, ки ҳоло аз забони ҷавонон шунида мешавад, бино ба пажӯҳиши ин забоншинос, таъбири “причёскат тарафи ҳукумат” аст, ки нисбат ба як ҷавони ҷиддӣ ва либоси расмипӯш истифода мешавад.

Аммо жаргонҳое ҳам ҳастанд, ки ба қавли ин мусоҳиби мо то дер дар забонҳо мемонад ва ҳатто ба забони гуфтугӯӣ ворид шуда ба як ибораи маъмулӣ табдил меёбанд. Ӯ дар ин маврид аз ибораи “гап нест” мисол меорад, ки ҳанӯз солҳои баъди ҷанги дохилӣ пайдо шудаву имрӯз тамоми қишру гурӯҳҳо аз он ба маънии “хуб аст” ё “бошад” истифода мекунанд.

“Жаргон” дар гузашта хоси гурӯҳҳои махсусе аз олами ҷиноӣ, мисли ғоратгарон будааст, ки бо истифода аз суханони барои якдигар маълум ҳадафу нақшаҳои хешро амалӣ мекарданд. Саодатшо Матробиён, забоншинос ва муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз “жаргон”-ҳо аслан дар байни гурӯҳҳои махсуси мардум тавлид ва истифода мешаванд.

Аммо, дар маҷмӯъ, ба бовари ин мутахассис серистифода шудани “жаргон” дар суҳбатҳои ҷавонони имрӯз, барои забон ҳеҷ таъсиру хатаре нахоҳад дошт: “Набояд мояи нигаронӣ бошад. Ин истилоҳҳо танҳо хоси як гурӯҳи ҷавонон аст ва қишрҳои дигар онро қабул надоранд ва ба забони омма ҳам таъсир намерасонад. Жаргонҳо аслан дар тамоми дунё мавриди истифода қарор доранд ва онҳо муваққатиянд.”

Дар зимн, Зебуннисо Бобоалиева забоншиноси ҷавон ва хатмкардаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон аст. Ӯ дар мавриди тарҷумаи осори Чингиз Айматов дар Тоҷикистон ҳам пажӯҳиш анҷом медиҳад. Омӯзиши жаргонҳои муосир як бахше аз кори илмии ӯ аст. Вай тасмим дорад, таҳқиқи жаргонҳоро, ки мавзӯи барои бисёриҳо ҷолиб аст, идома диҳад ва ба хотири ҳифзи забони тоҷикӣ ҳама маълумоти ҷамъовардаро дар як китоб гирд оварад.

XS
SM
MD
LG