Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 133 муҳоҷир аз вилояти Рязан


Аз аввали соли ҷорӣ Хадамоти приставҳои вилояти Рязан 133 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави Русия берун кардаанд. 82 нафари онҳо аз Узбакистон ва 11 тани дигар аз Тоҷикистон будаанд. Хадамоти приставҳо мегӯяд, ки ҳамаи ин хориҷиҳо бо ҳукми додгоҳ барои муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки то 26 март шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG