Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб худро дар наздикиҳои консулгарии ИМА тарконд


Як маргталаб худро дар наздикиҳои консулгарии ИМА дар шаҳри Ҷиддаҳи Арабистони Саъудӣ тарконд. Дар ин ҳамлаи рӯзи 4 июл худи маргталаб ба ҳалокат расид, ду афсари полис маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои телевизиони давлатии Арабистони Саъудӣ, ҳамлагар субҳи барвақт мошини худро дар назди бемористони рӯ ба рӯи консулгарӣ ҷойгузорӣ кард ва сӯи консулгарӣ роҳ гирифт ва баъди оташ кушодани кормандони полис худро мунфаҷир намуд.

Шабакаи телевизионии Al Jazeera, хабар дод, ки ҳодиса соати 02:30 ба вақти маҳаллӣ дар 600 километрии консулгарии Амрико дар кӯчаи Фаластин рӯй дод.

Консулгарии ИМА изҳор намуд, ки ба кормандони консулгарӣ ва ба бино осебе нарасидааст.

Дипломатҳои амрикоӣ дар робита ба ин ҳодиса бо мақомоти тафтишотии саъудӣ дар тамосанд.

Соли 2004 дар ҳамлаи мусаллаҳони шабакаи “Ал-Қоида” ба консулгарии Амрико дар Ҷиддаҳ панҷ корманди кироя ба ҳалокат расида буданд. Он вақт дар тирандозӣ бо нерӯҳои амниятӣ чаҳор тан аз ҳамлагарон кушта шуда буданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз миёнаҳои соли 2014 ба ин сӯ дар Арабистони Саъудӣ алайҳи аққалиятҳои шиъа ва нерӯҳои амниятӣ чанд ҳамла анҷом дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG