Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 хориҷӣ дар робита ба ҳамлаҳо дар Истамбул


Ёдбуди кормандони кушташудаи фурудгоҳи ба номи Отатурк дар маросиме дар ин фурудгоҳ
Ёдбуди кормандони кушташудаи фурудгоҳи ба номи Отатурк дар маросиме дар ин фурудгоҳ

Полиси Туркия дар шаҳри Истамбул 11 шаҳрванди хориҷиро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва эҳтимоли ҳамкорӣ дар ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурк боздошт кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии Haberturk рӯзи ҷумъа, 1 июл, хабар дод.

Амалиёти боздошт бомдоди рӯзи ҷумъа аз сӯи кормандони раёсати пулис оид ба мубориза бо терроризм дар Бешакшаҳр, қисмати аврупоии Истамбул сурат гирифт. Ба ин васила, дар маҷмӯъ дар робита ба ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш дар фурудгоҳи ба нгоми Отатурк 24 нафар дастгир карда шудаанд, омадааст дар хабари шабакаи телевизионӣ.

Масъулини полис ин хабарро, ки дар дигар расонаҳо ҳам нашр шудааст, тасдиқ ё рад накардааст.

Се маргталаб, ки ҳадс зада мешавад мансуб ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Истамбул тирандозӣ карда, баъдан худро таркониданд. Дар ин ҳамлаҳо 44 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 250 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамла дар бузургтарин фурудгоҳи Истамбул – хунбортарин ҳамла дар Туркия дар соли равон буд. Мақомоти Туркия рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки маргталабҳо шаҳрвандони Русия, Узбакистон ва Қирғизистон буданд.

XS
SM
MD
LG