Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РБК: Павел Астахов ба истеъфо меравад


Павел Астахов

Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия пас аз рухсатӣ аз мақомаш барканор хоҳад шуд. Дар ин бора ҳадди аққал ду манбаъ дар Кремл рӯзи 1 июл ба хабаргузории РБК иттилоъ додаанд.

Як рӯз пеш хабаре нашр шуда буд, ки Астахов шояд ба зудӣ ба истеъфо равад. Аммо дар дафтари Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак ин хабарро тасдиқ накарданд. Астахов бошад аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунад.

Ба иттилои манбаъҳои РБК, сабаби истеъфои Астахов – шикояти зиёд аз фаъолияташ аст ва раёсати зиддифасоди Кремл ба ӯ суолҳое дорад.

Павел Астахов аз соли 2009 ба ин сӯ ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия аст ва борҳо гуфтаҳои подарҳавояш боиси эътироз шудааст. Ӯ чанде пеш ҳангоми мулоқот бо кӯдакони аз фоҷиа дар Сямозерои Карелия наҷотёфта аз онҳо суол кард, ки “Хуб шино кардед?” Ин гуфтаҳои омбудсмен боиси сару садоҳои зиёд дар ҷомеъа шуд – зери номае дар интернет бо талаби истеъфои Павел Астахов дар чанд рӯзи аввал беш аз 60 ҳазор нафар имзо гузоштанд.

XS
SM
MD
LG