Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия Қамариддин Афзалиро раҳо кардааст


Қамариддин Афзалӣ
Қамариддин Афзалӣ

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн аз боздоштгоҳе дар Истанбул раҳо шудааст. Наздикони Афзалӣ 29 июн гуфтанд, мақомоти интизомии Туркия асосан санади будубоши ӯро тафтиш карда, ба далели наёфтани иштибоҳ раҳояш намудаанд.

Аммо пойгоҳҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа навиштаанд, ӯ бар асоси парвандаи фиристодаи ҷониби Душанбе дастгир шуда ва тӯли тақрибан ҳафтод рӯз дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ин манобеъ мегӯянд, гӯиё Қамариддин Афзалӣ ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳояш барои қайди Туркия дар бинои амнияти ин кишвар боздошт шудааст.

Бо ин ҳол, то кунун на мақомоти Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон расман боздошту раҳоии Қамариддин Афзалиро тасдиқ накарда ва далелашро ҳам шарҳ надодаанд. Иттилое, ки то мо расидааст, танҳо тавассути наздиконаш аст.

Қаблан манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Қамариддин Афзалӣ дар Истанбул изҳори бехабарӣ карда ва нагуфта буданд, ки оё ӯ таҳти пайгард қарор дошт ё не.

Қамариддин Афзалӣ то қатъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбарии бахши хатлонии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт ва узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шумор мерафт. Афзалӣ ба дунболи боздоштҳои густурдаи аъзои ҲНИТ ба хориҷ рафт, вале маълум нест, ки ӯ кай ва аз кадом роҳ вориди Туркия шудааст.

Баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида, фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 июн ин 14 нафарро ба зиндон маҳкум кард. Аз ҷумла, бо қарори додгоҳ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизб ба зиндони якумрӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизб аз 2 то ба 28 соли зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд. Додситонӣ мегӯяд, аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, даст доштанд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки аз моҳи марти соли гузашта боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

XS
SM
MD
LG