Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видоъ бо ҳунарманди маъруфи зодаи Ленинобод


Рӯзи 28 июн дар театри миллии ба номи Максим Горкийи шаҳри Минск маросими видоъ бо ҳунарпешаи маъруфи театру синамо Ростислав Янковский доир шуд. Янковский ду рӯз пеш дар синни 86 аз олам чашм пӯшид. Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус дар расми видоъ бо ҳунарманди маъруф гуфт, Янковский то поёни умраш алоқа ва меҳраш ба Тоҷикистонро ҳифз карда буд. Ростислав Янковский соли 1930 дар Одесса ба дунё омада, вале дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд)-и Тоҷикистон ба воя расидааст. Ӯ соли 1951 студияи театриро дар Ленинобод хатм карда, то соли 1957 дар театри Хуҷанд кор кардааст. Янковский дар Беларус то мақоми Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ расид. Бародари ӯ Олег Янковский, ки аз ситораҳои маъруфи синамои Шӯравӣ буд, дар Ҷезқазғани Қазоқистон дар бадарға ба дунё омада, низ дар Ленинобод ба воя расидааст.

XS
SM
MD
LG