Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 мавриди бемории сиёҳзахм дар Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон дувумин мавриди шуйюъи бемории сиёҳзахм (сибирская язва) дар шарқи ин кишварро тасдиқ карданд. Вазири тандурустӣ Тамара Дуйсенова рӯзи 24 июн гуфт, вуҷуди ин маризӣ дар бадани ду сокини рустои Колбатав дар вилояти Қазоқистони шарқӣ ташхис шудааст. Мақомот рӯзи 22 июн гуфта буданд, ки ду сокини рустое дар вилояти Қарағанда аз сиёҳзахм фавтида, 6 тани дигар бо ин бемории қаттол ба бемористон интиқол дода шудаанд. Дуйсенова рӯзи 24 июн гуфт, ҳоло дар бемористони шаҳри Қарағанда 7 нафар бо аломатҳои сиёҳзахм таҳти таҳти табобат қарор доранд. Сиёҳзахм бемории кушандаест, ки аз тариқи растаниву об ваё хоки олуда ба инсонҳо ва чорвои хонагиву ваҳшӣ, ба мисли гову гӯсфтанд, буз ва оҳу сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG