Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозон"-и тоҷик дар сафи ДИИШ кам шудаанд


Дигар худнамоии ҷангҷӯёни тоҷик ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам шудааст. Дигар ингуна аксҳо дида намешаванд.
Дигар худнамоии ҷангҷӯёни тоҷик ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам шудааст. Дигар ингуна аксҳо дида намешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон аз кам шудани ҷалби шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ хабар медиҳанд, аммо коршиносон мегӯянд, ин созмон стратегияи ҷалби аъзояшро дигар кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, номи 2 ҳазор шаҳрванди кишварро дар даст дорад, ки эҳтимолан ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд ва дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунанд. Як манбаъ дар вазорат рӯзи 22-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз ду ҳазор нафар ба ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ гумонбар мешаванд, аммо танҳо иштироки наздик ба 1,3 ҳазор нафар маълум аст ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои мисли “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ самар дод. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, тарғиботу ташвиқоти сартосарӣ ва бозгашти наздик ба сад нафар аз ҷангҳои Ироқу Сурия ва қиссаҳои онҳо аз даҳшатҳои ҷанг дар Ховари Миёна ва ҷиҳодҳои дурӯғин боиси коҳиши ҷалби шаҳрвандон ба сафи ДИИШ шуд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон барномаҳои зиёде дар ин бора намоиш додаанд ва дар онҳо теъдоде аз ҷавонон мегуфтанд, ки чӣ гуна гумроҳ шуда ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд.

Худойбердӣ Холиқназаров, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, аз як сӯ ташвиқу тарғиби зиёд дар як соли гузашта ва аз сӯи дигар шикастҳои ДИИШ сабаб шуд, ҷалби шаҳрвандон ба сафи ин созмони тундгаро кам кард.

Ӯ гуфт: “Гурӯҳҳои калони таблиғотӣ дар шаҳру навоҳӣ бисёр фаъолона кор карданд. Масъалаи дуюме, ки ба коҳиши рафтани ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ сабаб шуд, ворид шудани Русия ба ҷанги Сурия буд. Русия пас аз ворид шудан ба ҷанги зидди ДИИШ назоратро дар фурудгоҳҳои худ ва дохили кишвараш зиёд кард. Афроди зиёде боздошт шуд. Аз сӯи дигар, шикастҳои пай дар пайи ДИИШ ва аз даст додани қаламравҳояш онҳоеро, ки қасди пайвастан ба ин созмонро дошт, ноумед кард. Натиҷа ин шуд, ки таваҷҷӯҳ ба созмони бо ном “Давлати исломӣ” на танҳо дар мо, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфт. ”

Нерӯҳои ироқӣ дар як моҳи ахир қисме аз Фалуҷҷа, яке аз шаҳрҳои бузурги Ироқро аз тасаруфи ДИИШ озод карданд. Дар Сурия низ ин созмони тундрав қисматҳое аз қаламравҳояшро аз даст дод. Бо шикастҳои пай дар пайи ДИИШ бисёре аз коршинсон тахмин мекунанд, ки мумкин аст, баъзе аз аъзои он ба Афғонистон баргарданд. Аммо Худойбердӣ Холиқназаров, бозгашти ҷангҷӯёни ДИИШ аз Сурия ва Ироқ дар Афғонистонро воқеӣ намедонад:

“Аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон омадан кори хеле сахт аст. Дар сурати омадан ҳам онҳо ба муқобилияти шадиди Толибон дучор мешаванд. Онҳо дар Афғонистон феълан наметавонанд, ҷои пойи мустаҳкам пайдо кунанд. Пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ онҳо дар кишварҳои наздик ба Осиёи Марказӣ ҷои пой пайдо намекунанд.”

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ ба изҳороти коҳиши ҷалби шаҳрвандон ба сафи ДИИШ бо шубҳа менигарад. Ӯ мегӯяд, созмони тундрави “Давлати исломӣ” зоҳиран стратегияи ҷалби аъзои нав ба сафи худро дигар кардааст. Ӯ мегӯяд, воқеан, рафтани шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна ба Ироқу Сурия камтар шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ин созмон аз ҷалби шаҳрвандон дар ин кишварҳо даст кашидааст.

Ӯ гуфт: “Ҳоло талабот ба ҷанговар дар ДИИШ камтар шудааст, вале ин созмон аз ҷалби аъзои нав ба сафи худ даст накашидааст. ДИИШ аъзои нави худро ба Сурия ва Ироқ камтар мебарад ва кӯшиш мекунад онҳоро дар кишварҳои худашон барои рӯзи мабодо нигаҳ дорад. Ҳоло дар кишварҳои Қафқоз чунин корро ба роҳ мондааст.”

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна стратегияи нав пеш гирифтааст: “Кишварҳои Осиёи Миёна зоҳиран аз стратегияи нави ДИИШ бехабаранд ва дар муқобилаш аз ҳоло ҳеҷ кореро анҷом намедиҳанд. Чуноне мо бояд чор соли пеш ба муқобили ДИИШ тарғибот мебурдем. Мутаасифона ин кор аз соли 2015 сар шуд, ки аллакай шаҳрвандони зиёди мо дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд”.

Пайвастани беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли ДИИШ-ро собит шудааст ва мақомот алайҳи онҳо бо моддаи 401-уми Кодекси ҷиноятӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аммо айни замон онҳое, ки ба гуфтаи мақомот, мустақим дар ҷангҳо ширкат накардаанд ва аз рафтану пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав пушаймон шуда ва довталабона ба кишвар баргаштаанд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG