Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои ИА алайҳи Русия барои шаш моҳ тамдид шуданд


Сафирони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи 21 июн дар нишасте дар Люксембург тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия барои шаш моҳи дигар – то моҳи январи соли 2017-ро ҳамоҳанг карданд. Дар ин бора Рейтер бо такя ба манобеи дипломатӣ дар Брюсел хабар дод. Таҳримҳо алайҳи Русия дар вокуниш ба илҳоқи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони рустабори Донбасс ҷорӣ шудаанд.

Тасмими дипломатҳо барои тамдиди таҳримҳо акнун бояд аз сӯи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ карда шавад. Саммити Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи оянда дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Мӯҳлати таҳримҳо алайҳи Русия моҳи июл хатм мешавад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, бо вуҷуди даъвати бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба нармиш дар бархӯрд бо Маскав, барои тамдиди таҳримҳо пойфишорӣ дорад. Кишварҳое чун Словакия, Маҷористон ва Италия, ки хостори лағви таҳримҳоянд, ба боқӣ мондани таҳримҳо то поёни моҳи январи соли оянда розӣ шуданд.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи бахшҳои молиявӣ ва энергетикии иқтисодиёти Русия бори аввал моҳҳои июн ва июли соли 2014 ҷорӣ карда шуданд ва бо гузашти ҳар шаш моҳ тамдид мешаванд.

XS
SM
MD
LG