Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 100 ҳавопаймои “Boeing” мехарад


Ҳавопаймои Boeing 747 дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон
Ҳавопаймои Boeing 747 дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон

Эрон ва ширкати ҳавопаймосозии “Boeing” дар мавриди харидории 100 ҳавопаймо ба манзури нав кардани флоти ҳавоии фарсудашудаи ин кишвар ба тавофуқ расидаанд. Алӣ Обидзода, раҳбари идораи нақлиёти ҳавоии мулкии Эрон гуфт, аз 250 ҳавопаймое, ки ин кишвар дорад, 230 ҳавопаймояш бояд иваз шаванд. Аммо “Boeing”-ро лозим аст, ки барои ниҳоӣ кардани ин муомила ризоияти ҳукумати Амрикоро бигирад.

Ин ширкат чанд рӯз пеш тасдиқ карда буд, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон вориди музокира шудааст ва он ширкатҳо ҳавасманди харидани ҳавопаймоҳои мусофирбари “Boeing” мебошанд.

Аз миёнаи моҳи январ, ки таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон бар асоси муомила бар сари барномаҳои ҳастаияш сабуктар шуд, Теҳрон ба се ширкати ҳавопаймосозии ғарбӣ ҳудуди 200 ҳавопаймо фармоиш додааст. Эрон тайи солиён ба далели таҳримоти Ғарб наметавонист порки ҳавопаймоҳои хеле фарсудаашро нав кунад.

XS
SM
MD
LG