Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони рус дар Рио-2016 номаълум аст


Агентии байналмилалии зидди допинг (WADA) мегӯяд, садҳо талош барои санҷиши варзишгарони Русия натиҷа надод.

Дар гузориши рӯзи 15 июни ин агентӣ гуфта мешавад, наздики 740 санҷиш, ки аз моҳи феврал то моҳи май гузаронида шуд, бо сабабҳои гуногун рад гардидаанд. Гӯиё ҳангоми ҷамъоварии намунаҳо нофаҳмиҳо сурат гирифта, макони будубоши варзишгарон зикр нагардидааст.

WADA ҳолатҳоеро ҳам намуна овардааст, ки варзишгарони рус ба фирор аз санҷиш ё фиреб додани кормандони назорати допинг талош кардаанд.

Агентии байналмилалии зидди допинг гуфтааст, кормандони хадамоти назорати допинг аз сӯи мақомоти амниятии Русия таҳдид шуда, варақаҳои санҷиш ҳам дар хадамоти гумруки ин кишвар банд мондаанд.

Ин гузориш ду рӯз пеш аз он нашр шуд, ки бояд ҳаққи иштироки варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии моҳи августи Рио 2016 рӯшан гардад.

XS
SM
MD
LG