Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дари Амрикоро ба рӯи мусалмонҳо бастан мехоҳад


Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА, изҳор намуд, ки дар сурати пирӯзияш дари Амрикоро ба рӯи шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Сомалӣ ва Сурия мебандад

Дар як суханронӣ дар робита ба амнияти миллӣ рӯзи 13 июн Доналд Трамп гуфт, бо истифода аз ваколатҳояш вуруди мусалмонҳо аз кишварҳоеро, ки дар онҳо далелҳои террор алайҳи Амрико, Аврупо ва дигар ҳампаймонҳои кишвар собит шудааст, то пайдо шудани роҳҳои аз байн бурдани ин таҳдидҳо, мутаваққиф хоҳад кард

Суханронии Доналд Трамп як рӯз баъд аз ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароҳо дар шаҳри Орландои Флорида ироа шуд. Дар он ҳамла, ки масъулиташро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, 49 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Сиёсатмадор ва миллиардери амрикоӣ ба он нукта ишора кард, ки волидайни қотили Флорида Умар Матин дар Афғонистон ба дунё омадаанд, падару модари қотили дигар дар шаҳри Сан-Бернардино покистонӣ ва волидайни хонуми ӯ, ки дар куштор даст дошт, саъудиасланд. Манзури Доналд Трамп ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардинои аёлати Калифорния рӯзи 2 декабри соли гузашта аст, ки дар он 14 нафар кушта ва беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Омилони ин ҳамла - Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ рӯзи 3 декабр дар тирандозӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд.

Афроде, ки аз клуб зинда берун шуданд
Афроде, ки аз клуб зинда берун шуданд

Ба гуфтаи Доналд Трамп муҳоҷират аз Афғонистон ба Амрико дар як сол панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Ва ин дар ҳоле, ки 99 дар сади шаҳрвандони Афғонистон аз қавонини саркӯбкунандаи шариат пуштибонӣ мекунанд. Доналд Трамп афзуд, “мо мехоҳем як ҷомеъаи озод ва боз бимонем. Агар мехоҳем, ки ҳамин гуна бимонем, бояд мо марзҳомонро ҳифз кунем. Мо бояд онҳоро имрӯз ҳифз кунем, на баъд. Ҳамин ҳозир!".

Доналд Трамп аз ҳарифи эҳтимолияш аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон интиқод кард, ки мехоҳад теъдоди зиёди мусалмонҳо, аз ҷумла, паноҳандагони суриягӣ, вориди ИМА шаванд ва ин гуна мавзеъгирӣ, аз нигоҳи Трамп, боиси афзоиши таҳдидҳои амниятӣ ба Амрико мегардад.

Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

Миёни кишварҳое, ки Трамп дар сурати пирӯз вуруди шаҳрвандонашро манъ хоҳад кард, Сомалӣ ҳам ҳаст. Аммо ӯ аз Ироқ, ки Амрико аз талоши ҳукуматаш барои аз қаламрави кишвар берун кардани гурӯҳи “Давдати исломӣ” пуштибонӣ мекунад, ёдовар нашуд.

Ҳилларӣ Клинтон дар посух ба изҳороти рақибаш гуфт, ки риторикаи Доналд Трамп хеле хатарнок аст ва он боиси афзоиши эҳсоси бадбинии амрикоиҳо аз сӯи мардуми дигар давлатҳо хоҳад шуд. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN хонум Клинтон гуфт, ки маҳкум кардани дини ислом ба манфиати гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” хоҳад буд.

Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботияш борҳо таъкид кардааст, ки дар сурати дарёфти курсии президенти ИМА монеъи вуруди мусалмонҳо ба кишвар мешавад.

Интихоботи президентии ИМА 8 ноябри соли равон доир мегардад.

XS
SM
MD
LG