Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як афсари аршади полис дар канори Порис


Як афсари аршади полиси Фароса ва хонуми ӯ шаби 13 июн аз зарби корд дар як мавзеъи канори Порис кушта шуданд. Дар ин бора мақомоти расмӣ рӯзи сешанбе хабар доданд. Ҳамлагр ҳам кушта шудааст, дар ҷойи ҳодиса як тифл пайдо гардид. Як хабаргузории марбут ба “Давлати исломӣ” изҳор намуд, ки ин ҳамларо ситезаҷӯи ин гурӯҳ анҷом додааст.

Пиер-Ҳенри Бранде, сухангӯи вазорати умури дохилаи Фаронса гуфт, ки афсари полис берун аз манзилаш дар шаҳри Мангнанвилле, воқеъ дар 55 километрии ғарби Порис, кушта шудааст.

Ҳамлагар аз сӯи кормандони полис, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд,ҳадафи тир қарор гирифт. Бар пояи хабарҳо, қотил Ляросси Аббалла қаблан бо иттиҳоми робита бо гурӯҳи ҷиноӣ, ки мехост ҳамлаи террористӣ доир кунад, ба се соли маҳбас маҳкум шуда буд ва аммо баъд аз ним сол зиндонро тарк намуд.

Дар ин ҳамла завҷаи афсар, ки низ дар полис кор мекард, кушта шудааст. Дар ҷойи ҳодиса як тифл ҳам ошкор шуд, ки ба ӯ осеб нарасидааст. “Хушбахтона, тифл наҷот ёфтааст. Ӯ дар хона буд ва ба ӯ осеб нарасидааст. Ӯро афсарони полис наҷот доданд", афзуд Пиер-Ҳенри Бранде.

XS
SM
MD
LG