Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори мошини бензин се сокини Суғдро аз пой афтонд


Дар пайи оташ гирифтани ду мошини ҳомили бензин дар ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳаммарз бо минтақаи Лайлаки Қирғизистон, се сокини ин ноҳия сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон хобонда шудаанд. Мақомоти пулиси Суғд мегӯянд, ки аз 5 то 70 дарсади аъзои бадани ин сокинон сӯхтааст.

Ҳодиса рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар ҳавлии як сокини 32-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дода, ба иттилои пулис ду ҳазор литр бензин ба коми ооташ рафтааст. Ба қавли манобеи пулис, сӯхтор масоҳати 100 метри мураббаъро фаро гирифта, аммо то ҳол маблағи умумии зиёнаш ҳисобу китоб нашудааст.

Шуҳрат Анварзода, раҳбари хадамоти оташнишонии Суғд, рӯзи 13 июн ба Озодӣ гуфт, ҳоло як кумисюни махсус ин қазия ва, ҳамин тавр, зарари расидаро таҳқиқ дорад, ки хулосааш дертар ироа хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “баъд аз шунидани хабари сӯхтор чандин мошини оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафта, сӯхторро хомӯш карданд. Аз рӯи санҷишҳои муқаддамотӣ, ҳангоми интиқоли бензин аз як мошин ба мошини дигар бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ аз аккумулятори яке аз мошинҳо шуъла ҷаҳида, сабаби сар задани сӯхтор шудааст.”

Анварзода мегӯяд, ки мақомоти қирғиз низ бо даъвати ҳамтоёни тоҷики худ бо нақлиёташон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, дар фурӯ нишондани оташ саҳм гирифтаанд.

Ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аст. Сокинони ин маҳал чун дигар маҳалҳои марзӣ бо истифода аз хатти сарҳади шаффоф бидуни пардохти гумрукӣ бо ҳам додугирифт мекунанд.

Ба минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Қирғизистон умдатан маводи сӯхт ворид мегардад ва аз вилояти Суғд ба Бодканд бештар маводи ғизоиву асбобҳои рӯзгор мебаранд. Нархи маводи сӯхт дар Қирғизистон арзонтар аст ва имрӯзҳо дар Хуҷанд арзиши 1 литр бензини навъи 92 атрофи 4.80 дирам ва дар минтақаҳои ҳаммарзи вилояти Бодканд 20-30 дирам аз ин нарх арзонтар аст.

Мақомоти ҳар ду ҷониб тақрибан ҳар рӯз аз боздошти қочоқгарон дар марзи умумӣ ва ҷаримаи онҳо хабар медиҳанд. Вале барои бори аввал дар минтақаи наздимарзӣ таркиши мошинҳои ҳомили бензин рух медиҳад.

XS
SM
MD
LG