Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Москва сафорати Украинаро тухмборон карданд


Наздики 200 эътирозгар назди сафорати Украина дар Москва гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Ҷамъомадагон шиорҳои зидди Украина садо дода, бинои сафоратро тухмборон карданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Ин гирдиҳамоӣ тақрибан 20 дақиқа давом кардааст. Ҳеч кадоме аз эътирозгарон боздошт нашудааст. Хабар дода мешавад, ки иқдоми мазкур дар посух ба амалҳои фаъолони украинӣ дар Одессе будааст.

Пештар аз ин як гуруҳ фаъолони украинӣ даромадгоҳи консули Русияро дар Одесса банд карда, нагузоштанд, ки дар ҳудуди консулгарӣ чорабинии Рӯзи Русия баргузор гардад. Фаъолон бинои консулгарӣ тухм ва картошка ҳаво доданд. Пулиси Одесса низ ҳеч кадоме аз эътирозагронро боздошт накарда буд.

Консули генералии Русия дар Одесса Валерий Катункин мегӯяд, дар ин иқдом намояндагони гуруҳи "Сектори рост" (Правый сектор) ва бахши шаҳрвандии гуруҳи "Азов" ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG