Дар шаҳри Маскав дар робита ба тахриби муҷассамаи Владимир Ленин парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Ирина Волк-сухангӯи ВКД Русия гуфтааст, парвандаи мазкур дар асоси моддаи 214-и Кодекси ҷиноии ин кишвар - "харобкорӣ" боз гардидааст.
Ба пулиси Маскав аз осеб дидани ҳайкалчаи шаҳрӣ дар кӯчаи Климашкин рӯзи 7 июн тақрибан соатҳои 10:30 хабар додаанд. Ҳангоми ҳозир шудани кормандони пулис ба макони ҳодиса муайян шудааст, ки ду шахси номаълум пайкараро тахриб кардаанд.