Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алӣ Лориҷонӣ дар мақоми раиси Маҷлис пазируфта шуд


Алӣ Лориҷонӣ рӯзи 31 май барои чаҳор сол раиси парлумони нави Эрон интихоб шуд. Бино ба иттилои телевизиони давлатии Эрон, аз номзадии ӯ 237 нафар аз 276 вакили Маҷлис раъй доданд.

Ду рӯз пеш Алӣ Лориҷонӣ бо дарёфти 173 раъй дар рақобат аз болои номзади ислоҳотталабон Муҳаммад Ризо Ориф пирӯз ва раиси муваққати парлумони нав интихоб шуда буд.

Маҷлиси Эрон 290 курсӣ дорад. Алии Лориҷонӣ аз соли 2008 ба ин сӯ раиси парлумони Эрон аст.

Парлумони нави Эрон, ки пас аз интихобот дар моҳҳои феврал ва апрел ташкил шудааст, рӯзи 28 май фаъолияти худро бо маросими савганд шурӯъ намуд.

Интихоботи парлумонӣ дар Эрон ҳамчун раъйдиҳӣ ба созиши ҳастаии кишвар бо шаш қудрати ҷаҳонӣ арзёбӣ мешуд. Баъд аз имзои ин созиш таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв шуданд.

Раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар парлумон аз Алии Лориҷонӣ барои пуштибонияш аз созиши ҳастаӣ ситоиш кард ва хостори ҳамкории бештари Маҷлис ва ҳукумат барои ҳалли мушкилот ва бӯҳрон дар кишвар шуд.

Дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ислоҳотхоҳон 133 курсиро соҳиб шуданд. Муҳофизакорон бори аввал дар 12 соли охир бо дарёфти 125 мандат қаноат карданд.

XS
SM
MD
LG