Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ сарбози украинӣ дар Донбасс


Дар задухӯрдҳо дар минтақаи Донбасси Украина, ки аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор идора мешавад, тайи шабонарӯзи гузашта панҷ низомии украинӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора намояндаи дафтари раёсатҷумҳурии Украина дар умури амалиёти низомӣ дар шарқи кишвар Александр Мотузяник рӯзи 29 май ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Артиши Украина рӯзи шанбе изҳор намуд, ки задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс шиддат гирифтанд. Ба иттилои Киев, шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳон 30 бор оташбасро халалдор карда, сӯи мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар самтҳои Донетск, Мариупол ва Луҳанск оташ кушоданд.

Дар ҳамин ҳол ҷудоихоҳон мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ рустоҳои Спартак, Жабичево, Веселое ва шаҳри Докучаевскро тирборон карданд.

Дар ҳоле, ки хушунат дар шарқи Украина афзоиш меёбад, раисиҷумҳур Петро Порошенко хостори кӯмаки бештари низомии хориҷӣ шуд ва собиқ Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссенро мушовири худ таъин намуд.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ Русияро дар он айбдор мехонанд, ки аз ҷудоихоҳон пуштибонӣ мекунад ва ба Донбасс силоҳу низомиёни худро мефиристад. Кремл ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG