Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси Уммия барои рабудани 9000$ шаҳрванди Туркия


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ сокини пойтахт Уммия Маматқуловаро барои ғорат намудани дороиҳои шаҳрванди Туркия Меҳмет Юлмаз Ҳусейн ба муддати чаҳор сол зиндон маҳкум кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ҳукми додгоҳ дар нисбати Уммия Маматқулова миёнаҳои моҳи ҷорӣ содир шуд ва он ҳамакнун ба ҳолати иҷро даромадааст.

Уммия Маматқулова тибқи моддаи 249, банди "а" (роҳзание, ки бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк), гунаҳкор дониста шудааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Уммия Маматқулова дар хонаи истиқоматии шаҳрванди Туркия воқеъ дар кӯчаи Турсунзода 13, ҳуҷраи 5 ҳамчун тамизкор кор мекардааст ва шаби 30-юми октябри соли гузашта ҳамроҳи шахсе бо номи Нусратзода.И вориди манзили Меҳмет Юлмаз Ҳусейн шуда ва бо чанд зарби кор ӯро беҳуш мекунанд ва сипас аз ҷайби ӯ 9100 доллар ва телефони дастиашро рабуда ва фирор менамоянд.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, кормандони умури дохилаи пойтахт баъди ҷустуҷӯ Уммия Маматқулова ва ҳамроҳи ӯро боздошт намуда, парвандаи ҷиноии онҳоро ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол медоранд. Додгоҳи Исмоил Сомонӣ мегӯяд, Нусратзод. И дар моҳи феврали соли равон маҳкум ба зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG