Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавононро барои ҷашни хатми мактаб 99-шаллоқӣ задаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти додгоҳии Эрон аз боздошти 35 духтару писари ҷавон дар Қазвин хабар дода ва гуфтанд, ки онҳо барои таҷлил аз хатми мактаб муҷозот шудаанд. Ҷазои ҳар кадоме аз онҳо 99-дарраӣ ё шаллоқ иборат будааст.

Хабаргузориҳои маҳаллии Эрон ба нақл аз мақомоти додситонӣ навиштанд, ки ин писарону духтарон ба шикастани суннатҳо гунаҳкор эълон шуда, ҳукмашон билофосила ба иҷро даромадааст. Дар мусоҳибае аз Бактош Хамсапур, таҳлилгари умури Эрон дар бахши Фардои Радиои Озодӣ пурсидем, ки чаро ҳамоиши ҷавононро мақомоти додгоҳиву доситонии Эрон ҷиноят медонанд?

Хамсапур: “Бар хилофи қонунҳое, ки дар Эрон мавҷуд аст, як силсила муқаррароте ҳам дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки онҳоро ахлоқӣ медонанд ва иҷро мекунанд. Барои намуна, ҷамъ шудани духтарону писарон дар як ҷо хилофи ахлоқ дониста мешавад. Ин ҳамоишҳо метавонад, ҷашни зодрӯз ё меҳмонӣ бошад ё гирдиҳамоиҳои хусусӣ. Онҳоро метавонанд назорат кунанд ва маъмурони амниятии кишвар метавонанд вориди хона шаванд ва агар эҳсос кунанд, ки дар хона шароб истеъмол мешавад, пурсуҷӯ ҳам кунанд. Ғайр аз ин, онҳо тафтиш мекунанд, ки ширкаткунандагони ин ҳамоишҳо бо якдигар пайванди хешутаборӣ доранд ё надоранд. Агар ин тавр набошад, тибқи муқаррарот мудохила мекунанд ва тибқи шариат онҳоро муҷозот мекунанд.”

Озодӣ: Иттиҳомоте, ки бар зидди ин писарону духтарон матраҳ кардаанд, чӣ аст?

Хамасапур: “Намунаи охир ҳамин ҷашни фориғуттаҳсилии ҷавонон аст, ки дар як виллаи наздикии шаҳри Қазвин баргузор шудааст. Дар он ҳудуди 35 духтару писар дастгир ва муҷозоти онҳо билофосила иҷро шудааст. Ба онҳо 99 зарбаи шаллоқ таъин карда ва гуфтаанд, ки онҳо дар ҳоли “рақсу пойкӯбӣ” будаанд. Гӯё онҳо шароб нӯшидаанд ва гӯё бо ҳам пайванди хешутаборӣ надоштаанд. Барои ҳамин, додситон гуфтааст, ки хонаводаҳо бояд ҷавононашонро контрол кунанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон дар ин гуна меҳмониҳо ширкат кунанд, бидуни он ки бидонанд дар онҷо чӣ мегузарад.”

Озодӣ: Оё созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба чунин бархӯрди мақомоти Эрон нисбат ба ҷавонон вокуниш нишон додаанд?

Хамсапур: “Бале, созмонҳои байналмиллаии ҳуқуқи башар ҳамеша ин гуна мавридҳоеро, ки дар Эрон анҷом гирифтааст, хилофи маншури байналмилаии ҳуқуқи башар медонанд. Ибтидоитарин озодиҳое, ки дар камтар кишваре иттифоқ меафтад, нақзи он дар Эрон наздики 40 сол аст, идома дорад. Мардум ҳам як навъ мисли масали “каҷдору марез” худро ба он мутобиқ кардаанд. Дар давоми як моҳи гузашта бештар аз 200 нафар дар шаҳрҳои гуногун, яъне Қазвин, Кирмон, Симнон, Нишопур ва Теҳрон дар хонаҳои мухталиф ва дар меҳмониҳои мухталиф боздошт шудаанд.”

Озодӣ: Оё дар дохили худи Эрон ҳам ниҳоде ё созмоне бар зидди ин ҳукми додгоҳ садо баланд кардааст?

Хамсапур: “Бале, дар Эрон як ҷунбиши маданӣ фаъолият мекунад. Ин ҷунбиш ҳамеша дар баробари чунин иқдоми мақомот муқобила мекунад. Вале худи ин ҷунбиши маданӣ ҳам зери фишор аст. Шумори бештари аъзои он дар зиндон ба сар мебаранд. Вале ҳамеша онҳо бар зидди ин гуна иқдомот мухолифат нишон медиҳанд.”

XS
SM
MD
LG