Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев раъйпурсиро ба Раҳмон табрик гуфт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми май бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ доштааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, зимни ин гуфтугӯ, раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳамтои тоҷикашро ба баргузории раъйпурсии умумимиллӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, табрик намудааст. Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ҳамчунид доир ба масъалаҳои амнияту суботи минтақа ва ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG