Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Савченкоро баргардондем, Қриму Донбассро ҳам мегирем


Петр Порошенко, президенти Украина Надежда Савченко, халабони озодшуда аз зиндони Русияро рамзи кишвараш хондааст. Вай рӯзи чаҳоршанде дар изҳороти худ дар пайи бозгашти ин халабон ба Ватан гуфтааст, "Надежда Савченко рамзи Украина шуд".

Порошенко дар идома ба кишварҳои Ғарб барои кӯмакашон дар озод шудани ин халабони Украина миннатдорӣ баён намуда, таъкид кардааст, ки Киев тавре ин халабонро ба Ватан баргардонд, Донбассу Қримро ҳам бармегардонад.

Надежда Савченко ҳам дар ҳузури Порошенко аз шаҳрвандони Русия даъват кардааст, аз мубориза барои ҳимояти ҳуқуқҳояшон натарсанду бапой бихезанд.

Савченко рӯзи чаҳоршанбе, баъди имзои қарори афваш аз ҷониби Владимир Путин, президенти Русия, тавассути ҳавопаймои президенти Украина ба Киев баргашт.

Президенти Русия дар шарҳи қарори афви Савченко гуфтааст, он дар асоси муроҷиати наздикони рӯзноманигорон - Игор Корнелюк ва Антон Волошин сурат гирифт, ки халабони Украина дар кушторашон айбдор мешуд.

Президенти Украина ҳам худи ин рӯз қарори афви ду шаҳрванди Русия Евгений Ерофеев ва Александр Александровро, ки дар терроризм, аз ҷумла иштирок дар ҷангҳои Луганск айбдор мешуданд, имзо кард. Ерофеева ва Александров низ ба Ватан баргашта, тавре сухангӯи президенти Русия гуфтааст, ҳоло мулоқоти онҳо бо Путин дар назар нест.

XS
SM
MD
LG