Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кароматов: Бештар ба ахлоқи шогирдон аҳамият медиҳем


Ҳикматулло Кароматов
Ҳикматулло Кароматов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай дар Бишкек 12 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқоти байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай, ки дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - баргузор шуд, бо 12 медал баргаштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳикматулло Кароматов - раиси Федератсияи карате-кёкушинкайи Тоҷикистон - иштирок дошт.

Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дар маҷмуъ беш аз 200 варзишгар аз 6 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 17 нафар шомил буд.

Ҳикматулло Кароматов дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "варзишгарони мо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифтанд. Шодовар Мамадалиев дар вазни то 30 кило, дар гурӯҳи бачагони 10-11-сола, Сомон

Исматуллоев дар вазни то 55 кило, дар гурӯҳи наврасони 16-17 сола, Сироҷиддин Кароматов дар вазни то 65 кило, дар гурӯҳи наврасони 16-17-сола ва Ёқубҷон Сафаров дар вазни то 70 кило, дар гурӯҳи навҷавонон бо медалҳои тило сарфароз шуданд."

Ҳикматулло Кароматов поягузори карате-кёкушинкай - намуди ҷопонии варзиш - дар Тоҷикистон аст. Бо ибтикори ӯ соли 2007 Федератсияи карате-кёкушинкайи Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи кишвар ҳам номнавис шудааст.

Кароматов гуфт, "маънои карате-кёкушинкай “ба камолот расидан” ва “якҷояшавии рӯҳу тан" аст. Мардум ба навъҳои якҳарбаи шарқӣ назари нек доранд. Мо бештар ба ахлоқи варзишгарон таваҷҷуҳ мекунем. Баъд ба дониши онҳо, тафаккури онҳо диққат медиҳем. Бо мактабе, ки шогирдонамон таҳсил мекунанд, дар иртибот ҳастем ва аз хониши онҳо доим огоҳ мешавем. Пас аз ин ба тарбияи ҷисмонии шогирдон аҳамият дода, ба онҳо нозукиҳои намуди интихобкардаашонро ҳамаҷониба меомӯзонем."

Кароматов: Бештар ба ахлоқи шогирдон аҳамият медиҳем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Ба қавли Ҳикматулло Кароматов, ба гурӯҳҳои карате-кёкушинкай кӯдакон аз синни 5 қабул карда мешаванд. Дар айни ҳол ба ин намуди варзиш дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор кӯдаку наврас ва ҷавон машғуланд.

Варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои зиёд дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф шудаанд. Ду нафари онҳо Сироҷиддин Кароматов ва Шерзод Саъдуллоев ба унвони олӣ – қаҳрамони ҷаҳон – даст ёфтаанд.

Сироҷиддин Кароматов
Сироҷиддин Кароматов

Сироҷиддин Кароматов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 25-и шаҳри Душанбе, 8 сол боз ба карате-кёкушинкай машғул аст. Ӯ гуфт, "дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек ду рақибам аз Қазоқистону Узбакистонро мағлуб карда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари Қирғизистонро шикаст дода, ҷойи аввалро соҳиб шудам. Имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки моҳи декабр баргузор мешавад, иштирок хоҳам кард."

Ба иттилои Ҳикматулло Кароматов тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории мусобиқоти кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба карате-кёкушинкай ба нақша гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG