Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узр хостани қазоқҳо аз мардуми Қирғизистон


Арстонбек Муҳаммадиулӣ, вазири фарҳанги Қазоқистон
Арстонбек Муҳаммадиулӣ, вазири фарҳанги Қазоқистон

Шуморе аз чеҳраҳои ҷамъиятии Қазоқистон барои баёнияи ҷанҷолии вазири фарҳанги кишварашон аз мардуми Қирғизистон узр пурсидаанд.

Аз ҷумла, Мухтор Тайжан - раиси як бунёди ҷамъиятӣ, Аян Шарифбоева, Аружан Саин - фаъолони маданӣ ва Ормон Шораев, раиси собиқи телевизиони КТК-и Қазоқистон бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки изҳороти Арстонбек Муҳамадиулӣ дар бораи қирғизҳо хашми ҷомеа ва ҳукумати Қирғизистонро барангехт. "Барои ин гуфтаҳои вазир мо аз мардуми Қирғизистон маъзарат мехоҳем. Чӣ кунем, ки вазирони бефарҳанг ҳам мешаванд," - афзудаанд онҳо.

Рӯзе аз ин пештар, 23 май, Аристонбек Муҳамадиулӣ -- вазири фарҳанг ва варзиши Қирғизистон ҳангоми сӯҳбат дар бораи эҷодиёти Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз гуфт, ки аз дидани ҳамватанони Чингиз дар Русия ғамгин мешавад.

"Воқен, ҷойи пинҳон кардан нест ва таасуфовар аст, ки ҳар гоҳ ба Маскав ё дигар шаҳрҳо меравӣ ва мебинӣ, ҳоҷатхонаҳоро духтарони ҷавон ва ҳамсояҳои мо пок мекунанд. Албатта, ин Шуморо маъюс мекунад. Магар ин духтар дар ин овони зебои зиндагӣ сазовори он аст, ки ҳоҷатхонаи ҷамъиятиро покиза кунад?" -- гуфтааст вазири қазоқ ва афзудааст, ки чун дар Қирғизистон ҷойи кор ва оянда нест, бисёре аз қирғизҳо маҷбур кишварашонро тарк кардаанд.

Ӯ дар ин бора зимни мулоқот бо гурӯҳе аз сокинони шаҳри Остона изҳори назар кардааст. Мақомоти Қирғизистон ба ин изҳорот вокунише нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG