Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Военком"-ҳои ДИИШ ду моҳ дар ҳабс мемонанд


Гурӯҳе аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Гурӯҳе аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 23 май ду зодаи Тоҷикистонро, ки ба кумак ба фаъолиятҳои террористӣ айбдор мешаванд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев рӯзи 20 май бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дастгир шуданд. Пулис гуфт, аз манзили онҳо адабиёти мазҳабӣ, норинҷак ва маводи тарканда ёфт шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев, ки якеаш шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст, дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград барои “Давлати исломӣ” “аскар” меҷустанд. Фаъолияти “Давлати исломӣ”, ки дар сарзаминҳои тасарруфкардааш дар Сурияву Ироқ эълони ба ном “хилофат" кардааст, дар кишварҳои зиёд, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG