Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии ғайричашмдошти Рогозин аз тоҷикон


Дмитрий Рогозин
Дмитрий Рогозин

Муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин, ки қаблан бо баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш маъруф буд, ғайриинтизор пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистонро “ҳарфҳои беҳуда” номид ва гуфт, ки виза муносибатҳои Маскав бо Душанберо печидатар мекунад. Рогозин, ки рӯзи 20 май дар Душанбе бо хабаргузории РИА “Новости” сӯҳбат мекард, гуфт, “масъала дар ҷорӣ кардани виза, ки муносибатҳои байнидавлатиро бо Тоҷикистон печида мекунад, нест, балки бояд дар сиёсати муҳоҷират тартиб ҷорӣ шавад.” Ин сӯҳбатҳои муовини сарвазири Русия дар ҳолест, ки дар пайи занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав, ки се шаҳрванди тоҷикро кушта ба ҷо гузошт, дастикам 4 вакили парлумони Русия - Евгений Серебренников, Игор Лебедев, Франтс Клинтсевич ва Сергей Миронов - хостори ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистону Узбакистон шуданд.

XS
SM
MD
LG