Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи духтари хурдии президент дар Канн


Акс аз саҳифаи фейсбукии Лола Каримова-Тиллоева
Акс аз саҳифаи фейсбукии Лола Каримова-Тиллоева

Лола Каримова-Тилоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва намояндаи ин кишвар дар ЮНЕСКО, соҳиби ҷоизаи бунёди хайрияи Global Gift Foundation шудааст. Дар ин бора худи Лола дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Маросими ҷоизасупории Global Gift Foundation дар Канни Фаронса ва он ҳам дар рӯзҳои Ҷашнвораи 69-уми синамо баргузор шудааст.

Намояндагони хонаводаи аввали Узбакистон ҳамчун ширкаткунандаи доимии шабнишиниҳои ҷашнвораи филми Канн ном баровардаанд. Дар соли 2010 иштироки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон дар шаби хайрияи "Филм зидди СПИД", ки дар доираи ҷашнвораи Канн баргузор шуда буд, боис ба ҷанҷол гардид. Фаъолони шаҳрвандӣ иштироки Гулнораро дар ин ҳамоиш танқид карда буданд, зеро тақрибан чанд моҳ пеш аз он яке аз фаъолон дар Узбакистон дар бахши мубориза бо СПИД Максим Попови 28-сола барои нашри варақаҳои "ВИЧ ва СПИД имрӯз" 7 сол зиндонӣ шуда буд.

Хабар дода мешавад, ки духтари калонии Ислом Каримов барои иштирок дар шабнишинӣ бо чеҳраҳои шинохта 500 ҳазор доллар додааст.

XS
SM
MD
LG