Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Клаудиа Бокел бо варзишгарони тоҷик


Суҳбати Клаудиа Бокел бо варзишгарони тоҷик
Суҳбати Клаудиа Бокел бо варзишгарони тоҷик

Раҳбари Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Клаудиа Бокел бо варзишгарони тоҷик мулоқот кард.

Рӯзи 16 май дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мулоқоти Клаудиа Бокел, раҳбари Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ ва узви КБО, бо варзишгарони маъруфи тоҷик баргузор шуд. Хонум Бокел дар ин молоқот дар бораи омодагии варзишгарон баъди анҷоми фаъолияти варзишӣ маърӯза кард.

Клаудиа Бокел дар се Олимпиадаи тобистона ширкат карда, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афинаи Юнон дар сабқати шамшерзанӣ дар ҳисоби дастаӣ медали нуқра ба даст овардааст. Вай феълан ба ҳайси раиси Комиссиюни варзишгарони КБО манфиати варзишгаронро, ки баъди аз варзиши бузург рафтан ба ҳаёти нав шуруъ мекунанд, ҳифз менамояд.

Клаудиа Бокел, ки аз соли 2008-ум узви Комиссиюни варзишгарони КБО мебошад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки аз омаданаш ба Тоҷикистон хеле хушҳол аст. Вай афзуд, ”мулоқот бо варзишгарони маъруфи тоҷик барои ман хеле гуворо буд. Мо аз рӯи барномаи "Устоди мудириятгироии варзишӣ” (MSA) ба варзишгарони олидараҷа, ки варзишро тарк мекунанд, бояд дар интихоби касби ояндаашон кӯмак намоем.”

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ташрифи Клаудиа Бокел ба Тоҷикистон изҳори хурсандӣ намуда, ба “Озодӣ” иброз дошт, “маърӯзаи пурмуҳтавои Бокел барои варзишгарони тоҷик хеле муфид буд ва мавриди таваҷҷуҳи зиёди шунавандагон қарор гирифт. Мо минбаъд низ ҳамкориро дар ин самт бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ вусъат медиҳем.”

Дар мулоқот бо раҳбари Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Клаудиа Бокел 25 нафар варзишгарони маъруфи Тоҷикистон иштирок доштанд, ки дар байни онҳо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, ширкаткунандагони олимпиадаҳои тобистона Дилшод Назаров, Шералӣ Бозоров, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Сергей Бабиков, Анвар Юнусов, Алишер Чингизов ва дигарон буданд.

XS
SM
MD
LG