Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги духтари 13-солаи тоҷик дар Русия


Дар манзили хусусӣ дар шаҳри Тулаи Русия ҷасади як духтари 13-солаи тоҷик ёфт шудааст. Дар гардани ӯ изи ресмон ба мушоҳида расидааст.

Бино ба иттилои бахши Кумитаи бозрасии Русия дар шаҳри Тула, ин фоҷиа нисбати духтари 13-солаи тоҷикистонӣ, хонандаи синфи панҷуми мактаби ҳамагонӣ дар рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳраки Сентралнийи ноҳияи Суворов рух дода ва иллати ин ҳодиса ҳанӯз маълум нашудааст.

Светлана Харламова, намояндаи Кумитаи бозрасии Русия дар минтақа ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, феълан бозрасон эҳтимоли худкушии ин духтарро баррасӣ мекунанд. Ҳарчанд дар маҳали ҳодиса ёддошти қабл аз марг пайдо нашудааст. Дар иртибот ба марги духтари тоҷикистонӣ бо моддаи "ба худкушӣ расондан" парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Хонуми Харламова гуфтааст: "Дар марҳилаи ибтидоии бозрасӣ маълум шуд, ки дар вақтҳои ахир наздикони духтар ӯро дар дуздии ашёи хурду реза гунаҳкор мекардаанд".

Гуфта мешавад, модари духтар дар Маскав кор карда ва падараш дар Тоҷикистон ба сар мебурдааст. Духтар дар шаҳри Тула бо хешовандон зиндагӣ мекардааст.

Феълан наздикони духтари ҳалокшуда бозпурсӣ шуда ва ҷасади ӯ барои ташхиси додгоҳию тиббӣ фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG