Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як телевизиони қазоқиро ба додгоҳ кашиданд


Нурхон Жумабеков
Нурхон Жумабеков

Нурхон Жумабеков-вакили мудофеи Қазоқистон бар зидди шабакаи якуми телевизионии Русияву Қазоқистон бо номи шабакаи Евразия барои “тавҳини қазоқҳо” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Нурхон Жумабеков ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба таври расмӣ 16 май ба додгоҳи ноҳияи Бустондиқи шаҳри Алмаато муроҷиат кардааст. Жумабеков мегӯяд, ки ин шабакаи телевизионӣ дурӯғ гуфтааст ва иддао кардааст, ки эътирозҳои ахири саросари Қазоқистон бар зидди хусусӣ кардани заминҳои кишварзиро баъзе шахсон созмондиҳӣ кардаанд ва ин шахсонро ин телевизион “нируи панҷум” номидааст.

Дар гузориши телевизионӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои ширкат дар эътирозҳо ширкаткунандагон аз 50 то 150 доллар ҳақ гирифтаанд.

Жумабеков гуфтааст, ки телевизион бояд барои ин тӯҳмату дурӯғҳо 100 ҳазор танга баробар бо 305 доллар ҷарима ҷуброн пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG