Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои шаш санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Кувайт


Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Кувайт миёни ин ду кишвар шаш санади ҳамкорӣ имзо гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни ин кишвар ва Кувайт дар заминаҳои машваратҳо байни вазоратҳои хориҷа, масоили амниятӣ, маорифу илм, алоқаи ҳавоӣ ва кишоварзӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо шудаанд. Ҳамчунин, дар маврди ҳамкорӣ байни давлати Тоҷикистон ва Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб Ёддошти тафоҳум имзо гардидааст.

Қаблан миёни Тоҷикистон ва Кувайт 11 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуда ва акнун теъдоди онҳо ба 17 адад расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин дидор Амири Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва мақомти дигари давлати Кувайт дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар музокирот доир ба рушду тавсеаи ҳамкории созанда дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар мавриди тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ва заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат низ табодули афкор сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояи Кувайт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намудааст.

Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои варзишу ҷавонон ва туризм, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстию бародарии байни мардумони Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардидааст.

Зимнан, рӯзи якшанбеи 15 май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як дидори расмӣ вориди давлати Кувайт шуд.

Давлати Кувайт аввалин кишвари арабиест, ки раиси ҷумҳуриТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он сафар карда буд.

Нахустин ҳуҷҷатҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ба имзо расидаро — ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил дода буд.

XS
SM
MD
LG