Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Президент дар Тоҷикистон иди расмӣ шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 май як силсила қонунҳо, аз ҷумла қонун дар бораи рӯзҳои идро имзо кард. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, “мувофиқи иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.” Ин иловаҳо ба қонуни рӯзҳои ид моҳи апрел аз сӯи парлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд. 16 ноябр рӯзест, ки 24 сол қабл, дар соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуда, барои бори аввал ба раҳбарии ин кишвар расид. Мунтақидон эълони Рӯзи президентро идомаи сиёсати парастиши шахси раҳбари аввал дар Тоҷикистон меноманд, вале тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки Рӯзи Президент дар аксари кишварҳои дунё вуҷуд дорад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 май ҳамчунин иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ в аба қонунҳои иҷозатномадиҳӣ ва тартиби сабти номи соҳибкоронро имзо кард.

XS
SM
MD
LG