Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Ҳизбуллоҳ дар Сурия кушта шуд


Мустафо Бадриддин
Мустафо Бадриддин

Мустафо Бадриддин-фармондеҳи аршади Ҳизхбуллоҳ дар таркише дар Сурия кушта шудааст, ки онро талафоти бузург барои гурӯҳи шиаҳои лубнонӣ арзёбӣ мекунанд.

Ин гурӯҳ дар бораи куштори Мустафо Бадриддин тавзеҳот надордааст. Вале шабакаи телевизионии Ал Майодин дар Бейрут, ки бо ин гурӯҳ наздикӣ дорад, мегӯяд, ки Бадриддин дар як ҳамлаи ҳавоии нируҳои Исроил кушта шудааст. Исроил ин иддаоро таъйид накардааст.

Бадриддин яке аз чаҳор нафар аст, ки дар ғиёбаш барои куштори Рафиқ Ҳарирӣ-нахуствазири пешини Лубнон маҳкум ба зиндон шуда буд.

Ҳангоми эълон дар бораи куштори Бадриддин 13 май Ҳизбуллоҳ дар изҳороти худ гуфт: “Вай аз соли 1982 то ҳол дар бештари амалиёти муқовимати исломӣ ширкат мекард. Марги Бадриддин баъд ъаз соли 2008, яъне баъд аз куштори Имод Муғния-фармондеҳи бахши низомии Ҳизбуллоҳ бузургтарин талафоти ҷонӣ ба шумор меравад”.

XS
SM
MD
LG