Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Раҳматов ба гумони ҷонибдорӣ аз ДОИШ


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз як шаҳрванди Ӯзбекистонро ба гумони ҷонибдорӣ аз гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) боздошт карданд. Азизҷон Раҳматови 28-сола рӯзи 11 май аз ҷониби пулис дастгир гардида, парвандаи ӯ ҳоло ба Додгоҳи федеролии Бруклини иёлати Ню-Йорк ирсол шудааст.

Додситонӣ бар ин назар аст, ки Раҳматов ба ҷонибдорӣ аз ДИ дар дохили ин кишвар фаъолият карда, гӯиё барои шахсоне, ки мехостаанд ба сафи ҷангҷӯёни ин созмони тундрав бипайванданд, кумак менамудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса замоне парванда боз гардидааст, ки Абдурасул Ҷӯрабоев, шаҳрванди дигари Ӯзбекистон, ки дар Бруклин ба сар мебарад, бо нашри матлабе дар яке аз сомонаҳои ҷонибдори ДИ таваҷҷуҳи пулисро ба худ ҷалб кард. Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Ҷӯрабоев ҳамроҳ бо Акмал Зокиров, шаҳрванди Қазоқистон, ки ӯ низ дар Бруклин зиндагӣ мекард, нияти сафар ба Сурияро доштаанд.

XS
SM
MD
LG