Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 афғон дар марзи Қирғизистон боздошт шуданд


Дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон марзбонон ҳафт шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд, хабар медиҳад раёсати марзбонии маҳаллии Қирғизистон.

Танҳо яке аз боздоштшудаҳо шиноснома ва виза доштааст. Боқимондаҳо шаҳодатномаи гурезагӣ доштаанд, аммо муҳлати шаҳодатномаҳо низ ба охир расидааст.

Шаҳрвандони Афғонистон барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷарима шуда ва баъдан ба пулис супорида шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки ин шаҳрвандон ба ҳудуди Қирғизистон аз Тоҷикистон ворид гардидаанд.

XS
SM
MD
LG